Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Мудири иҷроияи Ширкати “ВиБилд” (WeBuild) Пиетро Салинӣ

24.04.2024 13:06, Италия
Мулоқот бо Мудири иҷроияи Ширкати “ВиБилд” (WeBuild) Пиетро Салинӣ 24.04.2024

24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Италия дар шаҳри Рим Мудири иҷроияи Ширкати “ВиБилд” (WeBuild) Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ оид ба рафти сохтмони Неругоҳи обии Роғун муҳокима гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷараёни сохтмони сарбанди неругоҳ, ки зимни сафарҳои корӣ ба мушоҳида мерасид, андешаронӣ намуданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки роҳбарияти ширкат тамоми имкониятҳои худро барои дар муҳлатҳои муқарраргарида анҷом додани нақшаҳои корӣ сафарбар хоҳад кард.

Роҳбари ширкати “Вибилд” (WeBuild) ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи иҷрои уҳдадориҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ маълумот дод.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ, инчунин, оид ба дигар масъалаҳои ҳамкорӣ, тезонидани корҳо ва истифодаи босамар аз имкону захираҳои мавҷуда табодули андеша карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520